Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ ва Намояндаи вежаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон

15.07.2021 22:43

15 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ва Намояндаи вежаи ИМА барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, мубориза бо COVID-19, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, муқовимат бо терроризми байналмилалию ифротгароӣ ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Tashkent-Tajikistan-and-US-Delegations-16-07-2021.jpg

Tashkent-Tajikistan-and-US-Delegations-16-07-2021-2.jpg

Tashkent-Tajikistan-and-US-Delegations-16-07-2021-3.jpg

Нигористон

Тақвим