Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон

15.07.2021 16:45

15 июли 2021 дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагӣ ба Вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва тамосҳо дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

15,07,21,16,45.jpeg

15,07,21,16,44.jpg

Нигористон

Тақвим