Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

15.07.2021 15:38

15 июли 2021 дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд   мулоқот кард.  

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои худро ба муносибати  пайвастани кишвараш ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун шарики гуфтугӯ табрик намуд. 

Tajikistan-and-Saudi-Arabia-FMs-15-07-2021.jpg

Нигористон

Тақвим