Муаррифии Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ оид ба рушди устувори СММ дар Тоҷикистон

15.07.2021 13:54

15 июли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовинони роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони онҳо, роҳбарони муассисаҳои тахассусии СММ, аъзои тими кишварии он ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур ба мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мақомоти давлатӣ аз раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо замина фароҳам меорад, барпо гардид.

Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ва аз тарафи СММ –  Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ифтитоҳ намуданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчунин Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода суханронӣ карда, роҷеъ ба марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар соҳаҳои гуногун ва мавқеи кишвари мо нисбат ба Чаҳорчӯби номбурдаи ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сипас коршиносони тими кишварии СММ дар Тоҷикистон ба ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор маълумот ва рӯнамоиҳо ироа карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

Шоёни зикр аст, ки пешнависи ниҳоии Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор то моҳи июни 2022 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи баъдӣ ироа хоҳад шуд.

UNDP-05-07-2021-1.jpg

UNDP-4-15-07-2021.jpgUNDP-05-07-2021-2.jpg

Нигористон

Тақвим