Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии канории маҷозӣ таҳти унвони "Тағйирёбии иқлим ва об дар шароити Ковид-19"

15.07.2021 13:34

12 июли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии канории маҷозӣ таҳти унвони "Тағйирёбии иқлим ва об дар даврони Ковид-19", ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд 2021 (HLPF-2021) ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ ба афзоиши назарраси офатҳои табиии марбут ба об, ки ҳамасола мӯҷиби зарарёбии иқтисодиёти кишвар ва заиф шудани талошҳо ҷиҳати ноилшавӣ ба рушди устувор мегарданд, таъкид кард.

Вазири корҳои хориҷӣ инчунин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилии обшавии пиряхҳо дар тамоми манотиқи ҷаҳон ҷалб намуда, аз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд.

Foreign-Minister-Climate-Change-Event-12-July-2021.jpg

Foreign-Minister-Climate-Change-12-07-2021.jpg

Нигористон

Тақвим