Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ дар қолаби С5+1

15.07.2021 11:46

15 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби С5+1 баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ва Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо дар мулоқот тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

C5-1-Tashkent-15-07-2021.jpg

S5-1.jpg

Нигористон

Тақвим