Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

06.07.2021 10:53

5 июли 2021 дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) Лю Женмин мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи "Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Ню-Йорк, 2023), иштироки фаъоли Тоҷикистон дар чорабинии муҳимми дарпешистода - Муколамаи сатҳи баланд оид ба энергетика (High level diаlogue on Energy) ва таъсири ҳамагирии Ковид-19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани соли 2025-ум ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, аҳаммият ва саривақтӣ будани он дар шароити имрӯзаи ҷаҳониро таъкид карданд.

Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкориҳои самарабахш баён намуданд.

New-York-06-07-2021-UNDESA.jpeg

New-York-06-07-2021-2-UNDESA.jpeg

Нигористон

Тақвим