Нашри мақолаи Пешвои миллат дар Эрон ба забонҳои англисӣ ва форсӣ

05.07.2021 16:36

Мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ”, ки ба муносибати 20 – солагии СҲШ дар АМИТ “Ховар” интишор ёфта ва дар он таърихи ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай, ҷойгоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар таҳаввулоти геополитикии ҷаҳони имрӯз ва авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони муътабар мавриди арзёбии таҳлилӣ қарор гирифтааст, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба забонҳои форсӣ ва англисӣ бознашр шуд. Аз ҷумла, 4 июл рӯзномаи англисизабони “Iran news” (Vol.XXVII, № 7262) мақолаи мазкурро ба забони англисӣ ва 5 июл рӯзномаи “Осиё” (Соли бистум, шумораи 5213) онро ба забони форсӣ барои хонандагони худ пешкаш намуданд.

Пайванди электронии мақола ба забонҳои англисӣ ва форсӣ:

https://irannewsdaily.com/newspaper/sunday-4-july-2021/

https://www.asianews.ir/fa/album/809/%D8%B1%D9%88%D8%B2%D9%86%D8%A7%D9%85%D9%87-%D8%A7%D9%82%D8%AA%D8%B5%D8%A7%D8%AF%DB%8C-%D8%A2%D8%B3%DB%8C%D8%A7-%DB%B1%DB%B4-%D8%AA%DB%8C%D8%B1-%DB%B1%DB%B4%DB%B0%DB%B0

Article-05-07-2021-16-44.jpg

Article-2-05-07-2021.jpg

Нигористон

Тақвим