Вохӯрии гуруҳҳои кории Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои Сарҳади давлатӣ

05.07.2021 12:57

Аз 1 то 3 июли соли 2021 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии ҳайатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо дар бораи ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мубодилаи пешниҳодҳо намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Дар поёни чорабинӣ Протокол ба имзо расид.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.

Нигористон

Тақвим