Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи Фиристодаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон

05.07.2021 08:15

1 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо иҷрокунандаи вазифаи Фиристодаи вежаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никласон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карда, роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Нигористон

Тақвим