Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

02.07.2021 18:12

1 июли 2021 дар Тошканд дар ҳошияи Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни паҳлӯҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии худро барои таҳкими баъдии робитаҳои гуногунҷабҳа таъкид карданд.

photo-2021-07-02-18-12-47.jpg

photo-2021-07-02-18-12-43.jpg

photo-2021-07-02-18-12-51.jpg

 

Нигористон

Тақвим