Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувори Бонн

02.07.2021 17:42

1 июли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ 6), ки дар доираи ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти унвони “Муколамаҳои муассир дар масоили об” доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилоти умдаи аҳолии сайёра дар замони ҳамагирии Ковид-19 ва нақши обу беҳдошт дар он, суръат бахшидан ба раванди татбиқи ҲРУ 6, инчунин аҳаммияти баргузории Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 таъкид кард.

С. Муҳриддин инчунин дар бораи қатъномаҳои СММ, ки ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ кардааст ва нақши боризи онҳо дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи-2030 тавассути платформаи “Раванди оби  Душанбе” изҳори назар кард.

Нишасти мазкур бо ибтикори Вазорати федералии муҳити зист, ҳифзи табиат ва амнияти ҳастаӣ доир шуда, дар он намояндагони кишварҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалӣ атрофи иқдомҳои муштарак, таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва раванди омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023 мубодилаи афкор намуданд.

SDG-6-Tajikistan-Foreign-Minister-02-07-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим