Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА

02.07.2021 09:52

1 июли 2021 дар Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон дар Вашингтон баргузор шуд. Дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар чор буъд - сиёсӣ, иқтисодию муҳитизистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Инчунин табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.

Tajikistan and USA 02 07 2021 2.jpg

Tajikistan and USA 02 07 2021.jpg

Нигористон

Тақвим