Муколамаи сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

02.07.2021 09:02

1 июли 2021 ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар нишаст муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд. Ҷониби Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд.

Иштирокдорон атрофи мавзӯоти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ,  Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, мубориза бо чолишҳои амниятӣ ва таъмини талошҳои муштарак дар самтҳои мавриди эҳтимом табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо перомуни пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

TJK-EU-in-Tashkent-02-07-2021.jpg

photo-2021-07-02-18-12-54.jpg

 

Нигористон

Тақвим