Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Конфронси дуюми сатҳи баланди СММ оид ба мубориза бо терроризм

30.06.2021 16:04

28-30 июни 2021 дар Ню-Йорк бо ташаббуси Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш Конфронси дуюми сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм зери унвони “Муқовимат ва пешгирии терроризм дар заминаи фанновариҳои дигаргункунанда: рафъи таҳдидҳои даҳсолаи нав” дар сиғаи омехтаи маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти зиддитеррористӣ ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СММ ширкат варзиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ иштирокдоронро бо талошу иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ ва натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона” (16-17 майи 2019, Душанбе) шинос намуда, ба аҳаммияти тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он таъкид кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Конфронси амниятии Душанбе дар соли 2019 ҷиҳати пайгирии аҳдофи якумин Конфронси сатҳи баланди роҳбарони мақомоти зиддитеррористии СММ дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдиди афзояндаи терроризм” (28-29 июни 2018, Ню-Йорк) баргузор шуда буд.

Aksi-sukhanroni-1.jpeg

Aksi-sukhanroni-4.jpeg

Aksi-sukhanroni-3.jpeg

Нигористон

Тақвим