Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Муовини Дабири кулли СММ

30.06.2021 15:54

29 июни 2021 мулоқоти арзи адаби Намояндаи доимии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Розмари ДиКарло доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди вазъияти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа Афғонистон мубодилаи афкор намуанд.

Aksi-muloqot-bo-DiKarlo.jpeg

Нигористон

Тақвим