Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Муовини бо Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

30.06.2021 15:50

28 июни 2021 мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN DESA) ҷаноби Лю Женмин дар шакли маҷозӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим, татбиқи қатъномаи "Конфронси СММ оид ба арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Ню Йорк, 2023) ва таъсири ҳамагирии Ковид -19 ба раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тарафҳо омодагии хешро барои идома додани ҳамкориҳои самарабахш баён карданд.

 

Нигористон

Тақвим