Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар Нишасти минтақавӣ оид ба омодагӣ ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

25.06.2021 19:10

25 июни 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Нишасти минтақавӣ оид ба омодагӣ ба бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси муштараки Тоҷикистону Сингапур доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ дар суханронии худ роҷеъ ба мушкилиҳои умдаи аҳолии сайёра ҷиҳати дастрасӣ ба обу беҳдошт ва аҳаммияти Даҳсолаи об барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои зикрёфта таъкид кард.

С. Муҳриддин инчунин омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, тавассути платформаи “Раванди Душанбе оид ба масоили об Душанбе” изҳор дошт.

 Нишасти минтақавӣ дар доираи Ҳафтаи байналмилалии Сингапур оид ба масъалаҳои об доир шуда, дар он миёни ҷонибҳои манфиатдори минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷиҳати натиҷагирии талошҳо ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти татбиқи ҲРУ 6 ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мубодилаи афкор сурат гирифт.

Water-Conf-3 25 06 2021.jpg

Water-Conf-25-06-2021.jpg

WATER-CONF-25-06-2021-4.jpg

Нигористон

Тақвим