25 июни 2021 Роҳбари навтаъйини Намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин супорид.
Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо БОҶ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.