Ройзаниҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Италия

23.06.2021 19:24

23 июни 2021 даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Италияро Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Манлио ди Стефано роҳбарӣ намуданд.

Ҳайатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангу маориф ва амниятро баррасӣ карда, дар бораи аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи олӣ ва баланд мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.

Tajikistan-and-Italy-23-06-2021.jpg

Tajikistan-and-Italy-23-06-2021-3.jpg

Нигористон

Тақвим