23 июни 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби “Камарбанд ва роҳ” таҳти унвони “Мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ” иштирок ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки барқарорсозии иқтисодӣ пас аз ҳамагирии Ковид-19, ташвиқи тиҷорати хурду миёна ва татбиқи чораҳои зиддиэпидемикӣ захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд. Дар ин робита, зарурати ҷалби сармоя барои барқарорсозии устувори иқтисодӣ, дастгирии тиҷорат, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои муҳим, ба хусус хӯрокворӣ ва доруворӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист таъкид шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ташаббуси мазкур дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ манфиатдор мебошад. Ҳамзамон Тоҷикистон омода аст барои фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ шароити мусоид фароҳам орад.
Гузашта аз ин, Вазир илова кард, ки имкониятҳои бузурги ҳамкориҳои кишварҳои ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” дар соҳаи энергетикаи сабз мавҷуданд. Гидроэнергетика ҳамчун яке аз унсурҳои самарабахши энергияи сабз метавонад барномаи авлавиятноки рушди устувор гардад. Мавҷудияти захираҳои фаровони оби Тоҷикистон имкони беназири рушди минтақаро ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷоми Конфронси мазкур ду санади ниҳоӣ дар бораи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ қабул гардид.