Мулоқот бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс

22.06.2021 10:23

21 июни 2021 дар Риёз вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс (ШҲДАХФ)  доктор Нойиф Ал-Ҳаҷраф баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШҲДАХФ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин перомуни қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.

Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ (GCC) сохтори минтақавие мебошад, ки шаш давлати арабӣ - Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн ва Умонро дар бар мегирад.

TJK-SA.jpg

 

Нигористон

Тақвим