Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва

22.06.2021 10:18

18 июни 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.

Зимни нишасти шакли маҳдуд роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба  масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои узви ИДМ-ро муҳокима карданд.

Дар ҷаласаи васеъ ҳисоботи Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои соли 2020 шунида шуда, санадҳои дахлдор, аз ҷумла натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷаи татбиқи консепсияи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи энергетика ва нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи татбиқи консепсияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои таҷдидпазири энергия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ  Харитаи роҳ роҷеъ ба татбиқи "Чорабиниҳо ҷиҳати коҳиш додани паёмадҳои манфии ҳамагирии COVID-19 барои иқтисодиёти кишварҳои узви ИДМ"-ро ҳамоҳанг намуданд.

Дар поёни нишаст 16 санад, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳамкориҳои навоварона ва фаъолияти мақомоти андоз ба имзо расид.

Дар бораи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа Шӯро қарорҳои дахлдор қабул кард.

18-06-2021-2.jpg

18-06-2021-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим