Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

19.06.2021 14:41

19 июни 2021 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баргузор гардид.

Дар суҳбат роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо байни ду кишвар, вазъи Афғонистон, ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ, ба хусус дар бахшҳои энергетика, зерсохтор ва нақлиёт бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва мавзӯъҳои дигар табодули назар сурат гирифт.

ADF-Muhammad-Haneef-Atmar 19 06 2021.jpg

Нигористон

Тақвим