17 июни соли 2021 дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мусоҳибон тақвияти муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд.
Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.