21 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Мусоҳибон густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар қолабҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд.
Ҳамчунин дар мулоқот масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.
