Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина

28.04.2021 15:35

27 апрели 2021 дар Киев вохӯрии Сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода бо Муовини вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина – Намояндаи тиҷоратии Украина, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои хамкориҳои иқтисодӣ Тарас Качка баргузор гардид.

Омодагӣ ба ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки қарор аст дар Душанбе баргузор гардад, мавзӯи асосии мулоқот буд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ба ҳолату дурнамои робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи бештари заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Tajikistan-and-Ukraine-28-04-2021.jpg

Нигористон

Тақвим