Даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия

22.04.2021 18:25

22 апрели 2021 даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Белгияро Мудири кулли Хадамоти федералии корҳои хориҷӣ оид ба равобити дуҷониба хонум Аник ван Калстер роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва  рушди устувор баррасӣ гардида, дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро муҳокима намуданд. 

TAJIKISTAN AND BELGIUM 22 04 2021 2.jpg

TAJIKISTAN AND BELGIUM 22 04 2021.jpg

Нигористон

Тақвим