Мулоқот бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.04.2021 18:17

22 апрели соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Помершаймро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

TJK-US-22042021.jpg

Нигористон

Тақвим