Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Латвия дар Тоҷикистон

19.02.2015 17:29

19 феврали соли 2015 Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш. Рига) Игорс Апокинсро ба муносибати раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва  ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар мавзӯъҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Қайд гардид, ки раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки минтақаи Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии ИА муайян намудааст, барои расидани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ҳамчун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад.

Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Латвия дар Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим