Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга)-и Шӯрои миллии Афғонистон

01.03.2021 17:07

1 марти 2021 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ доир гардид. Дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун, бахусус таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, қонунгузорӣ ва табодули таҷриба сурат гирифт.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ аз тариқи гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузории барои халқу кишварҳоямон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил шудааст.

Изҳори умедворӣ шуд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ гурӯҳи дӯстии ташкилгардида саҳми босазо гузошта, иштироки фаъоли парлумонҳои ду давлати дӯсту бародарро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни ду кишвари ҳамҷавор ва ҳамзабон имкон медиҳад, ки Душанбе ва Кобул дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи яксон ё наздик дошта бошанд.

Ҷонибҳо изҳор карданд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир самти муҳимми ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рафъи паёмадҳои ҳамагирии Ковид-19 ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ байни ду кишвар бояд афзояд.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин робита, ҷониби Тоҷикистон аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ дар Давҳа истиқбол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки музокироти сулҳи байниафғонӣ заминаи муҳкамро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида гузорад.

Тоҷикистон нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хуб дарк намуда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он ҳамеша пуштибонӣ мекунад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ ва байнипорлумонии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

1a Afghanistan 1.jpg

2 Afghanistan 2.jpg

3 Afghanistan 3.jpg

Нигористон

Тақвим