25 феврали 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо Раиси Ҳайати мудираи Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Авросиёии рушд дар соли 2021 ва дурнамои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт баррасӣ шуданд.