Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ барои расонаҳои мисрӣ брифинги матбуотӣ ороста, доир ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилои муфассал дод.
Изҳори бовар карда шуд, ки раёсати кишвари мо дар СҲШ босамар хоҳад буд, ба хусус дар самти таҳкиму тақвияти амну суботи минтақавӣ ва пешрафту шукуфоӣ. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ мудом аз афкори сулҳоварӣ ва тарғибу ташвиқи роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, хосатан дар Афғонистон пуштибонӣ намуда, тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Брифинги мазкур ва муҳтавои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар расонаҳои мисрӣ васеъ инъикос ёфт.