22 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро бино ба поён расидани маъмурияти дипломатияш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Риёз таъкид карданд. Вазир ба Сафири Арабистони Саудӣ барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.