19 феврали 2021 ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва роҳбарӣ карданд.
Рӯзномаи нишаст ҷанбаҳои калидии ҳамёрӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавиро дарбар гирифт. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ батафсил баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Ҳайатҳо бо қаноатмандӣ аз натиҷаи ҷаласаи 9-ми Шӯрои ҳамкорӣ омодагии худро барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда ва таҳкими тавсеаи доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид доштанд.