16 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Гаркун мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.
