16 феврали 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов дар мулоқоти Вазири варзиши Федератсияи Русия Олег Матитсин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Федератсияи Русия иштирок намуд.
Дар мулоқот роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи варзиш мубодилаи афкор сурат гирифт. Ба иштирокдорон маълумот оид ба раванди омодагӣ ба Бозиҳои I ИДМ, ки баргузории он 4-11 сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазон дар назар аст, пешкаш гардид. Мусобиқаҳои варзишии мазкур фарогири 16 навъи варзиш буда, иштироки беш аз ду ҳазор варзишгар аз кишварҳои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.