Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Гурҷистон

16.02.2021 13:25

15 феврали 2021 якумин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвилӣ роҳбарӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ  ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми ройзаниҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Давид Залкалианӣ бо тартиби корӣ Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.

Tajikistan and Georgia 16 02 2021 2.jpg

Tajikistan and Georgia 16 02 2021 1.jpg

Нигористон

Тақвим