Эълони баргузории нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ

08.02.2021 16:41

15 феврали соли 2021 соати 14:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар соли 2020 баргузор мегардад.

Аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ эҳтироман хоҳиш мешавад, ки то 11 феврали 2021, соати 15:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо телефони 221-43-69 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаби хабарнигор, номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.

Нигористон

Тақвим