12 феврали соли 2015 дар ш.Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Паймони Нерӯ Урбан Руснак баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Паймони Нерӯ муҳокима шуданд.
Сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба Урбан Руснак дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар ш.Душанбе дар назар аст, маълумот дода, ӯро ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ даъват намуд.