Брифинг дар бораи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай

15.01.2021 15:49

15 январи 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯнамоии авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 ва чорабиниҳое, ки дар давраи раёсати кишвар дар Созмон ба нақша гирифта шудаанд, баргузор гардид.

Дар рафти брифинг ба намояндагони ВАО ҳадафҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ, ки ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои узв, рушди минбаъдаи «руҳияи Шанхай», ҳифзи сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва мавқеъгирии байналмилалии СҲШ равона шудаанд, муаррифӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки ба манзури татбиқи ҳадафҳои кишвар Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида,  бар асоси он Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва Нақшаи чорабиниҳои дохилидавлатӣ таҳия шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баргузории беш аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати кишвар бо баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ (саммит) 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе хотима меёбад.

Дар брифинг рамзи 20-солагии СҲШ ва торнамои раёсати Тоҷикистон дар Созмон (www.scosummit2021.tj) муаррифӣ гардиданд.

Баёнияи иттилоотӣ дар ин пайванд дастрас аст.

SCO Briefing 15 01 2021.jpg

SCO Briefing 15 01 2021 2.jpg

Нигористон

Тақвим