Даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса

12.01.2021 17:03

12 январи соли 2021 даври чоруми ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро и.в. сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка Усмонов Фирдавс ва ҳайати Фаронсаро муовини мудири кулли Идораи қитъаи Аврупо Силвен Гиёге роҳбарӣ намуданд.

Дар нишаст маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, муҳити зист, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, обу энергетика ва мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Табодули афкори судманд дар атрофи мавзӯоти мубориза бо COVID-19, таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.

 

 

13-01,21-14-27.jpg

13-01,21-14-26.jpg

Нигористон

Тақвим