Эълони баргузории брифинг дар бораи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай

11.01.2021 14:37

15 январи соли 2021 соати 11:00 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг дар бораи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай барои солҳои 2020-2021 баргузор мегардад. 

Аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ эҳтироман хоҳиш мешавад, ки то 14 январи 2021, соати 16:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуот бо телефони 221-43-69 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj дар бораи иштироки худ (ному насаб ва номи ВАО, почтаи электронӣ) иттилоъ диҳанд.

Нигористон

Тақвим