29 декабри соли 2020 мулоқоти маҷозии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти беруна Чэн Гопин барпо гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амниятро баррасӣ намуда, аҳаммияти андешидани тадбирҳои муштаракро барои рафъи паёмадҳои манфии ҳамагирии коронавируси нав таъкид карданд, гузашта аз ин ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро таъкид намуда, перомуни масъалаҳои амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.