Муовинони вазир

01.12.2020 14:20

 

ҲУСЕЙНЗОДА МУЗАФФАР МАҲМУРОД
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                            
Муовинони вазир

18 августи соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст,  тоҷик, маълумоташ олӣ. Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухторро дорад.

Маълумот:

Солҳои 1992- 1997- донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 1997-1999- шунавандаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия;

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1999-2000- Муовини Сардори Раёсат- Оҷонсӣ доир ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 Солҳои 2000-2002 - котиби саввум, котиби дуввуми Раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2005 - котиби дуввуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия;
Солҳои 2005-2008- мудири шӯъбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2008-2011- Сардори Раёсати созмонҳои  байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2011-2016- Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Солҳои 2014-2016- Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, бо қароргоҳ дар ш. Тошканд;

Аз 29 марти соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

 

ИМОМӢ СОДИҚ АШУРБОЙЗОДА

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

IMG-8250.jpg28 июли соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатиии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I дорад.                        

Маълумот:

Солҳои 1984-1991 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,  ш. Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос;

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1986-1988 – хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС;

Солҳои 1991-1993 – муфаттиш, ёрдамчии калони прокурор, н.Рудакӣ;

Солҳои 1993-1995 – котиби якуми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 1995-1997 – мудири шуъба, муовини сардори раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 1997-2002 – сардори раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2002-2011 – мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;

Солҳои 2011-2014 – Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Уфа, Федератсияи Россия;

Солҳои 2014-2016 – сардори раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2016-2021 – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ш.Тошканд;

Солҳои 2020-2021 – ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Исроил, ш.Тошканд;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №135 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 

САЛИМ ФАРҲОД

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

525555.jpg

30 апрели 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи II дорад.

Маълумот:

Солҳои 1992-1993 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб;

Соли 1998 – хатмкунандаи Коллеҷи Стейтен Айленд, ш. Ню-Йорк, ШМА; Соли 2005 – хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе, ихтисос: ҳуқуқшинос.

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 1998-1999 – атташеи Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид, ш. Ню-Йорк;

Солҳои 1999-2001 – котиби дуюми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

Солҳои 2001-2003 – котиби якуми шуъбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии раёсати созмонҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2003-2007 – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, ш.Брюссел;

Солҳои 2007-2008 – мушовири раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2008-2009 – сардори шӯъбаи ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавии Раёсати ташкилотҳои байналхалқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2009-2011 – сардори раёсати кишварҳои Европа ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Солҳои 2011-2014 - мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Солҳои 2014-2020 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, ш.Вашингтон;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №134 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

ШЕРАЛИЗОДА ШАРАФ АҲМАДҶОН

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

26565.jpg

29 апрели 1981 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Рутбаи дипломатии мушовири дараҷаи I дорад.

Маълумот:

Соли 2002 – хатмкунандаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ихтисос: ташкилотчии кори гумрукӣ;  

Соли 2010 – хатмкунандаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ихтисос: иқтисодчӣ;

Соли 2017 – хатмкунандаи Донишгоҳи Атенео-и Де Манилаи Ҷумҳурии Филиппин, Магистри фаъолиятҳои идоравӣ (МВА).

Фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 2002-2003 – Назоратчии бахши амалиётии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» №104, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2004-2006 – Мутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи омори демографӣ ва шуғли аҳолии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2006-2007 – Сариқтисодчии Корхонаи фаръии «Истгоҳи Душанбе-1» КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»;

Солҳои 2008-2011 – Мушовири Лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии молияи давлатӣ ва гузаронидани таҳлилҳои функсионалии амудии вазорату идораҳо;

Солҳои 2011-2012 – Сармутахассиси дастгоҳи Котиби корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»;

Солҳои 2012 – 2013 – Мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии Лоиҳаи кумаки фаврӣ ба соҳаи иҷтимоии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2013-2015 – Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2015-2017 – Директори алтернативии иҷроия дар Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд, Ҷумҳурии Филиппин, шаҳри Манила;

Солҳои 2018-2019 – Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;

Солҳои 2019-2021 –  Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 27 апрели соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №133 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Нигористон

Тақвим