Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

09.10.2020 11:38

8 октябри 2020 дар Москва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуданд. Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко роҳбарӣ карданд.

Дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Аҳаммияти амалисозии батадриҷи тавофуқҳое, ки байни сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст таъкид гардид.

Зарурати истифодаи васеи зарфиятҳои парлумонҳои ду кишвар, танзими сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ва баргузор намудани ҳамоишҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.

Аз ҳамкории босамари ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ шуд.

konsul-tacii-v-RF.jpg

Нигористон

Тақвим