Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар “Рӯзҳои СААД”

07.10.2020 19:32

7 октябри соли 2020 дар шаҳри Москва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар чорабиниҳои “Рӯзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)” ба муносибати 18-умин солгарди имзои Оинномаи СААД ширкат варзид.

Дар доираи он чорабиниҳо ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки аксҳо таҳти унвони “Дар посдории сулҳ. Кишварҳои узви СААД дар фаолияти байналмилалии сулҳофаринӣ” сурат гирифт ва ҷаласаи мизи мудаввар дар мавзӯи “СААД: самтҳои рушди стратегӣ” бо иштироки муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.

Музаффар Ҳусейнзода дар мизи мудаввар суханронӣ намуда, нигоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба фаолияти минбаъдаи СААД баён намуд. Зарурати тамаркузи таваҷҷуҳ ба чолишу таҳдидҳои муосир, ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон, ки ҳамчун мавзӯъҳои доғи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ боқӣ мемонанд, таъкид гардид.

Инчунин ба гузариши раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли равон махсусан ишора шуд. “Кишвари мо самтҳои авлавиятноки раёсати худро дар СААД тарҳрезӣ намуда истодааст. Авлавиятҳо дар рафти иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро баҳри мусоидат ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмон ва таъмини самарабахшии фаолияти он сафарбар хоҳад кард,” - қайд намуд муовини вазир. 

ОДКБ-07-10-2020.jpg

Нигористон

Тақвим