Эълони баргузории нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ

16.07.2020 18:29

27 июли 2020 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи аввали соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Ба мақсади таъмини фосилаи иҷтимоӣ барои риояи талаботи беҳдоштӣ ҳангоми баргузории нишасти матбуотӣ дар вазъияти пароканиши бемории ҳамагири Ковид-19, аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ эҳтироман хоҳиш мешавад, ки то 21 июл, соати 16:00 ба Раёсати иттилоот ва матбуот бо телефони 221-43-69 ё почтаи электронии pressaccreditation@mfa.tj маълумот дар бораи хабарнигорон (то 2 нафар аз ҳар расона) (ному насаб ва номи ВАО, почтаи электронӣ) пешниҳод кунанд.

 

Нигористон

Тақвим