Мулоқоти видеоӣ бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ

23.06.2020 18:40

23 июни 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ (WMO) Петтери Таалас суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Дар мулоқот Петтери Таалас роҷеъ ба Эътилофи обу иқлим баҳри Ҳадафи 6-уми рушди устувор маълумоти муфассал ироа кард. Вазири корҳои хориҷӣ дар навбати худ бо ироаи маълумот оид ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар сатҳҳои гуногун вобаста ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати ҳифзи пиряхҳо, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар доираи “Раванди Душанбе оид ба об” изҳори ақида намуд.

PS7A4077.jpg

PS7A4098.jpg

 

Нигористон

Тақвим