Ворид гардидани тағйирот ба Тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ

19.06.2020 16:00

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки ба мақсади соддагардонии раванди гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Тартиби муваққатӣ оид ба  танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Тибқи тағйироти қабулшуда, дар сурати будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор содир шудааст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёти хориҷӣ вуруд то нуқтаи таъйинотӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муҳлати то панҷ шабонарӯз иҷозат дода мешавад.

Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои башардӯстона дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз пардохти хидматрасониҳои терминалӣ озод шудаанд.

Нигористон

Тақвим